Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан


28-04-2019, 10:42.
28 апрел дар шаҳри Пекин дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми сатҳи баланди ҳамкориҳои байналмилалӣ “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва Ҳукумати Чин барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори Форум ва истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бисёр арсаҳои барои Тоҷикистону Чин судманд, аз ҷумла татбиқи муштараки иқдому ташаббусҳои “Як камарбанд, як роҳ”, “Роҳи иқтисодии Абрешим”, иштироки Чин дар рушду пешрафти кишвари мо ва сармоягузории татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Чин — дӯстони нек, ҳамсояҳои хуб ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ин ду стратегияи муҳим вазифаҳои монандро дар бар гирифта, татбиқи онҳо муносибатҳои Тоҷикистону Чинро таҳкиму густариш хоҳанд дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гардид.
Вернуться назад