Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев

Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев


20-03-2019, 21:11.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Касим-Жомарт Кемелевич,

Шуморо ба муносибати ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ намуданатон самимона муборакбод мегӯям.

Ба Шумо тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва дар ин мансаби баланди давлатӣ фаъолияти пурсамар таманно дорам.

Дар Тоҷикистон Шуморо мешиносанд ва ҳамчун ходими ботаҷрибаи давлатӣ ва тарафдори рушди муттасили муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории серҷабҳа миёни мардумони мо эҳтиром менамоянд.

Муътақидам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак минбаъд низ тамоми мачмӯи муносибатҳои байнидавлатии шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба манфиати мардумони дӯсти мо равона шудаанд, самаранок густариш медиҳем».
Вернуться назад