Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


19-03-2019, 18:12.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
Бобозода Матин Давлат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон,
Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Салимзода Юсуф Сафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,
Муминзода Қудбиддин Қурбоналӣ аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ,
Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 марти соли 2019
№1232

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Пирмуҳаммадзода Сайфиддин Насриддин аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.
2. Маҳмудзода Зубайдулло Асо аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонистан озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
19 марти соли 2019
№1233




Вернуться назад