Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Рӯзномаи «Wen Wei Po»-и Гонконг як саҳифаи пурраашро ба Эмомалӣ Раҳмон бахшид

Рӯзномаи «Wen Wei Po»-и Гонконг як саҳифаи пурраашро ба Эмомалӣ Раҳмон бахшид


10-12-2015, 14:39.
25 акс аз ҳаёт ва фаъолияти бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои маъруфтарин рӯзномаи Сянгана - Wen Wei Po нашр шуд.
Муаллифи мақола дар бораи Тоҷикистон, дар бораи «канораи кӯҳҳои сар ба фалак, барфҳои ҷовидонаи зери нури офтоб», дар бораи тамаддуни халқи тоҷик ва роҳбари он, ки ӯро дар Чин дӯсти бузург ва боэътимод меноманд, нақл мекунад. Ҳамчунин дар бораи муносибатҳои стратегии муваффақона рушдкунандаи Тоҷикистону Чин, к пас аз аввалин сафари давлатии Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар моҳи сентябри соли 2014 такони нав касб кард, ибрози назар шудааст.
Муаллиф ёдовар мешавад, ки соли 2016 Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти худро ҷашн мегирад. «Тайи ин солҳо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои онро пушти сар карда, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас комёб шуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфуз пайдо кард», - қайд мешавад дар шарҳи мақола.

Вернуться назад