Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Ш. Зуҳуров: «Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, ӯ буд, ки зимоми роҳбариро ба даст гирифт»

Ш. Зуҳуров: «Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, ӯ буд, ки зимоми роҳбариро ба даст гирифт»


9-12-2015, 14:11.
Дар таърихи навини халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домани Худованд мезад, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстиву муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнат, номардиву тӯҳмат гулӯгир карда буд, ӯ масъулияти роҳбариро бар дӯш гирифта, умед ва боварро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо намуд»,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат».
Ёдовар мешавем, ки имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» қабул шуд ва он аз 16 модда, 33 қисм ва 5 сархат иборат аст.
Вернуться назад