Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ


11-09-2018, 09:40.
Дар ноҳияи Ванҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва тарҳи меъмории бино баҳои баланд дода, иншооти муосири фарҳангиро туҳфаи арзишманд барои аҳли ҳунар ва сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маънидод намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ соли 2016 оғоз гардида, аз тарафи коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, толори барҳавои он дорои 350 ҷойи нишаст мебошад. Дар ошёнаи дуюм пешайвон бо 76 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои рақсҳои миллӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои корӣ барои ҳайати кормандон ҷойгир шудаанд.

Бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ дар масоҳати зиёда аз 909 метри мураббаъ бунёд шуда, дорои шароити муосир барои фаъолияти аҳли ҳунар мебошад.

Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин манзур гардонида шуд. Сипас дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии соҳаи фарҳанг аз авлавиятҳо дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст.

Бояд таъкид дошт, ки ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ванҷ барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, қонеъ сохтани талаботи маънавии сокинон ва баланд бардоштани малакаи касбии кадрҳои ҷавон имконоти васеъ фароҳам меоварад.
Вернуться назад