Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун»


26-07-2018, 08:30.
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд шабонарӯзӣ идома доранд, шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

Шиносоии Сарвари давлат нахуст аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб меравад, оғоз гардид.
Вернуться назад