Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Эмомалӣ Раҳмон - “Доктори фалсафа ва иқтисод”-и Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон

Эмомалӣ Раҳмон - “Доктори фалсафа ва иқтисод”-и Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон


13-11-2015, 12:15.
Пас аз мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн дар қароргоҳи Президенти Покистон дар ҳузури аҳли илму фарҳанг, роҳбарияти Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” - и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Чунонки дар қарори Шӯрои академии донишгоҳ омадааст - “Бо назардошти талошҳои бузург, пешбурди ҳусни тафоҳуми байни тамаддунҳо, ҳамзистии динҳо, таҳаммулпазирӣ, озодӣ, демократия ва ҳуқуқи башар, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, таҷассум ёфтаанд, Донишгоҳи Қоиди Аъзами Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти нодир ва арзанда, бо камоли майл ва ифтихормандӣ аз номи муассисаи илмию таълимӣ ва олимони олиқадр бо унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” сарфароз менамояд”.

Шаҳодатномаи унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Покистон, ҳамзамон Ректори Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон Мамнун Ҳусайн дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Баъди маросими супоридани унвони ифтихорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, бо арзи сипосу миннатдорӣ изҳор дошт: “Мо аз нақши бузурги муассиси Покистони навин, яке аз шахсиятҳои бузурги ҳаракати милливу озодихоҳии нимҷазираи Ҳинд Муҳаммад Алӣ Ҷиннаҳ хуб иттилоъ дорем ва барои ман боз ҳам мояи ифтихор аст, ки ин унвонро донишгоҳе, ки номи Қойиди Аъзамро дорад, ба ин ҷониб эҳдо менамояд”.

Дар идомаи сухан ҳамчунин зикр гардид: “Нақши назарраси донишгоҳи шумо дар омодасозии кадрҳои бахшҳои мухталиф барои Покистон ва рушди устувори он барои ҳамаи мо равшану возеҳ аст”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “Решаҳои муштараки фарҳангию таърихӣ ва наздикии забонҳои тоҷикию урду барои мардумони мо имкон медиҳанд аз арзишҳои фарҳангии ҳамдигар баҳраманд бошанд”.
Вернуться назад