Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Оғози сафари президенти Тоҷикистон ба Покистон

Оғози сафари президенти Тоҷикистон ба Покистон


12-11-2015, 12:21.

Шоми рӯзи 11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Исломобод - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.
Ба ин муносибат дар фурудгоҳи Исломобод ҳамчунин аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатии меҳмонони олимақом аст.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Покистон имрӯз - 12-уми ноябр оғоз меёбанд.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар дар шаҳри Исломобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва Президенти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Мамнун Ҳусейн, инчунин бо дигар шахсони воломақом вохӯриҳо анҷом диҳад.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Сарвазири Покистон санадҳои бисёри танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.
Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Покистон дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкории босамар ва ба миён омадани робитаҳои мустақим миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи Express Tribune дар ин робита менависад, ин сафари шашуми Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон буда, дар ҷараёни он сарвари давлати Тоҷикистонро ҳайати воломақом бо шумули вазирону дигар мансабдорони сатҳи олӣ ва ҳамчунин як зумра соҳибкорони муваффақ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба иттилои нашрия, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо баррасии масоили марбут ба амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки дар он интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон пешбинӣ шудааст, дар назар аст.

Вернуться назад