Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Изҳори тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Изҳори тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


7-10-2017, 16:04.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд.

Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон»-ро ба уҳда доштанд.

Шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияшон дар ёди дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вернуться назад