Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / Тоҷикистон > Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


25-07-2022, 16:00.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб
озод намудани Шерализода М.У.




Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шерализода Муҳамадулло Умар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 июли соли 2022
№414



ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб
таъин намудани Сафарзода Ш.Н.




Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 июли соли 2022
№415
Вернуться назад