Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ


26-06-2017, 19:00.
Ҳамватанони азиз!

Бо эҳсоси шукронаву қаноатмандӣ аз рӯзгори ободу озоди мардуми шарифамон ва фазои орому осоиштаи мамлакатамон ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни бистсолагии ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози истиқлолият дар натиҷаи фитнаву дасисаи нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.

Ин воқеаҳои даҳшатбор, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқӯъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд.

Ба иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид гардида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд.

Дар баробари ин, гурӯҳҳои алоҳида аз нооромии ҷомеа истифода намуда, молу амвол ва таҷҳизоти бисёр корхонаҳои саноатии мамлакатро берун аз марзи кишварамон бурданд.

Дар он айём хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд.

Душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик низ амалӣ гардидани ҳамин нақшаи даҳшатноку фоҷиаборро мехостанд.

Аммо фарзандони асил ва бонангу номуси миллат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ ба талошу мубориза бархостанд ва собит сохтанд, ки миллате чун тоҷикон бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ наметавонад бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд гардад.

Майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бонангу номуси Тоҷикистон низ ин буд, ки сулҳу оромӣ дар кишвар ҳарчи зудтар барқарор гардад.

Ҳарчанд ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тӯлониву пурмашаққат буд, вале хушбахтона ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқи тоҷик бо сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ анҷом пазируфт, ки он имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Баъди истиқрори сулҳ барқарор кардани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи мо оғоз ёфт ва минбаъд ба таҳкими пояҳои рушди иқтисодӣ миллӣ равона гардид.

Мо дар ин замина фарҳанги сулҳро ҳамчун унсури бунёдии сиёсати худ қарор дода, муносибатро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон барқарор намудем ва дар ин марому маслак то ба имрӯз собиту устувор ҳастем.

Мардуми шарифи кишвар ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.

Дар шароити кунунӣ бидуни тақвияту таҳкими заминаҳои иқтисодӣ беҳтар намудани некӯаҳволии мардум ва устувории ваҳдату ягонагӣ ғайри қобили тасаввур аст. Чунки маҳз иқтисодиёти рушдёфта ва истеҳсолоти муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир яке аз омилҳои таҳкими суботу оромии ҷомеа ва пойдории ваҳдати миллӣ мебошад.

Бо ин мақсад, мо таваҷҷуҳи асосиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, сохтмони роҳҳо ва корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ равона карда, то имрӯз дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Бахусус, аз бунбасти дохилии коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар муваффақияти бузурги халқамон буда, ҳоло ба шарофати он Тоҷикистон ба як қаламрави воқеан воҳид табдил ёфта, рафтуомади озодонаи сокинони ҳамаи минтақаҳои мамлакат ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар чор фасли сол таъмин гардидааст.

Истиқлолияти энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳимтарини таҳкиму тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар буда, Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дар ин самт ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Андешаи муттаҳидсози афроди миллат бо ташаккули маънавиёти ҷомеа, пойдории амнияти ҷомеаву давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ робитаи мустақим дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти ҷомеа ворид шудани унсурҳои фарҳанги бегона ва вусъат гирифтани фаъолияти ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву иртиҷоӣ моро водор месозад, ки ба хотири ҳифзу густариши арзишҳои неки миллӣ чораҳои муассир андешем.

Дар чунин вазъият моро зарур аст, ки барои тарбияи наслҳои огоҳу бедор талош намоем, онҳоро дар рӯҳияи ҳифзи истиқлолияту озодӣ ба воя расонем, то ки фарзандони мо оянда барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлати соҳибихтиёрамон омода бошанд.

Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.

Итминон дорам, ки мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон минбаъд низ бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ мерасанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад.

Бо эътимоди комил ба ин фазилати мардуми соҳибмаърифату сарбаландамон, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни бистсолагии ваҳдати миллӣ табрик мегӯям ва орзу менамоям, ки дар хонадони ҳар яки шумо чароғи муқаддаси сулҳу оромӣ ҳамеша фурӯзон бошад.

Ҷашн муборак, ҳамватанони азиз!
Вернуться назад