Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер


17-06-2017, 13:14.
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари реҳлати собиқ Канслери Германия Хелмут Кол боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.

Ҳелмут Кол, ба ҳайси шахсияти бузурги давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар раванди муттаҳид гардонидани Германия ва таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши бузург дорад, дар таърихи муосир ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.

Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ӯ дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл, қатъ гардонидани давраи “ҷанги сард” боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба тамоми мардуми Германия таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям”.


Вернуться назад