28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳияи Ёвон

36042
22.04.2016 , ноҳияи Ёвон
Омӯзгорон ва устодони муҳтарам!
Шогирдони азиз ва ҳозирини гиромӣ!
Ифтитоҳи мактаби нав ва кӯдакистон, ки имрӯз мо ба ин муносибат ҷамъ омадаем, дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси 25-солагии истиқлолияти давлатӣ ва истиқболи сазовори ин санаи муборак доир шуда истодааст.
Яъне муассисаҳои таълимии имрӯза, ки аз ҷониби соҳибкори саховатманди ноҳия Баҳриддин Ҷӯрахонов бунёд гардидаанд, аз ҷумлаи ташаббусҳои созандаву ватандӯстона ва туҳфаи арзанда дар остонаи ҷашни истиқлолият ба устодону шогирдон, падару модарон ва сокинони деҳоти Даҳана мебошанд.
Мактаб барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст ва кӯдакистон барои 60 нафар кӯдакон ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он натанҳо заминаи хуб барои азхуд кардани асосҳои дониш фароҳам оварда шудааст, балки ҷиҳати омӯхтани технологияҳои нав ва ҳунару касбҳои коргарӣ тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Шогирдони мактаб имкон доранд, ки фанҳои таълимии риёзиву дақиқ ва табиатшиносиро дар сатҳи беҳтару амиқ азбар намоянд.
Ҳамчунин, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани хонандагон ва истифода аз заминаҳои техникии мактаб имкон медиҳад, ки фарзандони мо ояндаи худро аз имрӯз дуруст муайян кунанд.
Мехоҳам бо хушҳоливу қаноатмандӣ зикр намоям, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон фарзандони бонангу номуси миллат ва соҳибкорони саховатманду ҳимматбаланди тоҷик дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ, иншооти дигари соҳаи маориф ва бо ҳамин роҳ дар самти амалӣ гаштани нақшаву ниятҳои Ҳукумати мамлакат саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд.
Воқеан, мардуми донишпарвару фарҳангии мо мактабсозӣ ва эҳтиром ба илму донишро кори ниҳоят хайру савоб мешуморанд.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки дар ин амали хайр, яъне бунёду таъмири мактабҳои наву синфхонаҳои иловагӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ дар тамоми қаламрави кишвар саҳм мегузоранд, аз ҷумла ба соҳибкори баландҳиммате, ки мактаб ва кӯдакистони имрӯзаро бунёд кардааст, миннатдорӣ баён менамоям.
Бо итминони комил иброз медорам, ки ҳар касе дар бунёди мактаб саҳм мегузорад, муассисаи тандурустӣ месозад, қитъаи роҳеро таъмир мекунад ё ба деҳае об мебарорад, иқдоми хайру савоби ӯ дар хотири мардум абадӣ боқӣ мемонад.
Хусусан дар шароити кунунӣ мо бояд ба рушди муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо эътибори доимӣ диҳем, зеро маҳз ба шарофати фаъолияти самарабахши онҳо насли наврас ба роҳи рост ҳидоят мегардад, ба омӯзиши донишу адаб, касбу ҳунар ва хештаншиносиву ифтихори ватандорӣ азму талош меварзад.
Гузашта аз ин, маҳз мактаб аст, ки заминаи ба камол расонидани шахсиятҳои донишманду номдор, фарзандони фарзона ва кадрҳои баландихтисосу соҳибтаҷрибаро барои имрӯзу фардои кишварамон мегузорад.
Бо ҳамин мақсад, мо ҳамеша саъю кӯшиш мекунем, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо мактабҳои замонавӣ бунёд созем ва дар муассисаҳои таълимӣ тамоми шароити мусоидро фароҳам оварда, барои фарзандонамон ҷиҳати омӯзиши дониш шароити ҳарчи беҳтар муҳайё намоем.
Масалан, дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон 28 мактаби нав ва биноҳои иловагӣ барои 6250 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд ва ҳамаи онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосири таълим ва тамоми шароити зарурии таълим ва варзиш таъмин мебошанд.
Имрӯз ғайр аз мактабе, ки мо ифтитоҳ кардем, дар деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти Нав муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии №66 барои 300 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад.
Илова бар ин, то ҷашни 25-солагии истиқлолият дар деҳаи Заркамари деҳоти Даҳана муассисаи таҳсилоти умумии №13 барои 300 ҷойи нишаст, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, ба фаъолият оғоз мекунад.
Ҳамзамон бо ин, дар деҳаи Зулмободи деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 иборат аз 16 синфхона барои 380 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ идома дошта, то соли 2017 ба истифода супорида мешавад.
Акнун, устодону омӯзгорон ва умуман аҳли маориф вазифадоранд, ки тамоми донишу таҷрибаи худро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, вусъати ҷаҳонбинӣ, донишу маърифат ва одобу ахлоқи насли наврас сафарбар намоянд.
Бо мақсади тавсеа бахшидани тафаккури техникии хонандагон ва боз ҳам фаъолтар гардонидани онҳо масъулони соҳаи маорифро зарур аст, ки барномаҳои нави таълимиро таҳия намоянд, дастурҳои методии иловагӣ нашр созанд, шаклу усулҳои наву пешрафтаи таълимро васеъ истифода карда, ба шогирдони худ асосҳои баҳрабардорӣ аз технологияҳои муосири иттилоотиро омӯзонанд.
Дар навбати худ шогирдон низ вазифадоранд, ки аз шароиту имкониятҳои барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат самаранок истифода карда, ҳар як соати таълимӣ ва ҳар як машғулияти синфиро барои баланд бардоштани савияи дониши худ сарф кунанд, дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намоянд ва касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд.
Як омили дигари саводнокии фарзандон дар баробари аъло донистани забони давлатӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои англисӣ ва русӣ мебошад.
Бо мақсади тақвияти таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамаи санадҳои зарурӣ қабул шудаанд.
Бори дигар ёдовар мешавам, ки донистани забонҳои хориҷӣ ба ташаккулу тавсеаи мафкура ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва барои азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд.
Ҳукумати мамлакат пешравӣ ва рушди соҳаи маорифро қабл аз ҳама, бо раванди баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводу ашёи хониш, воситаҳои техникӣ, технологияҳои ҳозиразамон, бунёд ва таъмиру азнавсозии мактабҳо мебинад ва барои ҳалли масъалаҳои зикргардида тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Соли сеюм аст, ки хатмкунандагони мактабҳои кишвар барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва макотиби олии кишварҳои хориҷӣ тавассути Маркази миллии тестӣ имтиҳон месупоранд.
Таҷрибаи ду соли гузашта ошкор сохт, ки сатҳу сифати таълим дар кишвар ҳанӯз ҳам беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад ва масъулони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диққати махсус диҳанд ва назоратро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоянд.
Ҳоло падару модарон ва даҳҳо ҳазор нафар хатмкунандагони мо бовар ҳосил кардаанд, ки Маркази миллии тестӣ сатҳи воқеии дониши ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад.
Соли гузашта ҳамагӣ 73 ҳазор нафар хатмкунандагон дар нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Тибқи маълумот имсол то ҳамин рӯз беш аз 80 ҳазор нафар довталабон ба қайд гирифта шудаанд.
Имкон дорад, ки ин шумора дар чанд рӯзи боқимонда то 83-84 ҳазор расад. Рақамҳои зикршуда далели равшани торафт зиёд шудани талабот ба таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки албатта, хуб аст.
Бинобар ин, падару модарон бояд ба таълиму тарбияи фарзандони худ аз хурдсолии онҳо машғул шаванд, ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд, ба хотири босаводу соҳибмаърифат шудани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоранд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки сармоягузорӣ барои рушди фарзандон дар айни замон сармоягузорӣ ба ояндаи ободу осудаи худи фарзандон ва волидайн, пешрафти ҷомеа ва ободии давлат мебошад.
Чунонки дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат соҳаи маориф минбаъд низ ҳамчун соҳаи муҳимтарин ва омили асосии таъмини амнияти миллӣ боқӣ мемонад. Бинобар ин, маблағгузорӣ барои рушди соҳа сол аз сол афзоиш дода мешавад.
Барои мисол аз соли 2011 то соли 2015 маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Ёвон се баробар зиёд гардида, соли 2016 барои соҳаи маорифи ноҳия беш аз 50 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳо ҳар як роҳбару корманди соҳаи маориф, устодону омӯзгорон, инчунин падару модаронро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа дода, доим дар андешаи гузоштани заминаи боэътимод барои ояндаи неки насли ояндасози мамлакат бошанд.
Ҳамчунин, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, робитаро бо оила тақвият бахшанд.
Амалӣ шудани қонуни мазкур имкон фароҳам меорад, ки сатҳи корҳои тарбиявӣ боз ҳам беҳтар гардида, наврасону ҷавонон ҳарчи бештар ба омӯзиши илму дониш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифта шаванд.
Мехоҳам ба ҳамаи падару модарон муроҷиат карда, хотирнишон созам, ки дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд.
Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем.
Итминон дорам, ки мардуми маърифатпарвари ноҳияи Ёвон дар ин кори хайр, яъне тарбияи фарзандони босаводу донишманд, ватандӯсту ватанпараст ва худогоҳу худшинос мисли ҳарвақта саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Бо ибрози ҳамин орзуи нек бори дигар ҳамаи сокинони заҳматпешаву ҳимматбаланди ноҳияи Ёвон, инчунин кулли устодону шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳияро ба муносибати ифтитоҳи боргоҳи нави илму маърифат табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми ноҳия саодати рӯзгор, сулҳу оромӣ ва ба шогирдони мактаби навбунёд хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида мехоҳам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво