19 август 2022, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд

76
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Президенти мамлакат сафари кориро дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, оид ба татбиқи саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои зимни сафарҳои корӣ додаи Президенти мамлакат, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди масъулини вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳолати ба миёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои зикршуда роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғдро вазифадор карданд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои беруна тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Махсусан, дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввалия, маводи зарурӣ ва ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирии болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва иловагии рушд ва дигар тадбирҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар рӯзҳои авҷи мавсими киштукор тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ сафарбар намоянд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати рушди минбаъдаи чорводорӣ, парандапарвариву моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти соҳа вазифаҳо гузоштанд.

Зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ аз тадбирҳои муҳим номида шуд.

Барои рушду пешрафти соҳаҳо бахусус соҳибкории хурду миёна, зарур шумурда шуд, ки корҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат ташкилу ба роҳ монда шавад.

Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорати саноат ва технологияҳои нав барои татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, доир ба таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба боло бурдани сифати таълим ва дар соҳаи тандурустӣ беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷоннок кардани корҳои беҳдоштии санитарӣ дар байни мардум, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар назди роҳбарону фаъолони кишвар вазифа гузошта шуд, ки корро дар байни аҳолӣ дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб густариш бахшида, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намоянд. Якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва аҳли зиё ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия созанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳрвандони мамлакатро ба истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат, иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дасти сахо дароз кардан ба табақаи ниёзманд ҳидоят карданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Бо ҳамин машварати кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба анҷом расид.

Мавриди зикри хос аст, ки зимни сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бӯстон, Исфара, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 49 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ва иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ бо наздики 5000 ҷои корӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дар ноҳияи Ашт ба корҳои сохтмони корхонаи коркарди пахта ва нассоҷӣ бо 600 ҷойи корӣ ва дар ноҳияи Айнӣ барои бунёди ду корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла навбати дуюми корхонаи тилло ва сурмаи “Талко голд” бо 500 ҷои корӣ оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки маҳсулоти аксари корхонаҳои нави вилоят ивазкунандаи воридот буда, дар баробари коҳиш додани воридоти маҳсулот аз хориҷ имкон дорад Тоҷикистонро ҳамчун кишвари содироткунандаи молу маҳсулоти ҷавобгӯи талаботи бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ созад.

Бо ҳамин сафари кории Президенти мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз 14 апрел оғоз гардида буд, ба анҷом расид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво