29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ «Амина К»-ро мавриди истифода қарор доданд

180
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ «Амина К»-ро мавриди истифода қарор додандДар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина К”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст. Дар корхона асосан истеҳсоли комбикорм — хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ истеҳсол карда мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар 1 шабонарӯз 480 тонна хӯроки омехтаи чорвою паранда истеҳсол менамояд, ки дар як сол ба 175 ҳазор тонна баробар мешавад.

Барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда маҳсулоти хом аз кишварҳои Белгия, Аргентина, Олмон, Русия, Қазоқистон ва Беларус ворид карда шуда, бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ коркард мешавад.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргох 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, имконият фароҳам меорад, ки корхонаҳои мурғу чорвопарварии ватанӣ бо маҳсулоти хушсифати хӯрокӣ таъмин карда шаванд ва ҳам нархи хӯроки чорвою паранда дар бозор коҳиш ёбад.

Афзудани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ, фермаҳои чорводорӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ зарурат пеш меорад, ки дар кишвар чунин корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи парандаю чорво бештар бунёд карда шаванд.

Айни замон дар вилояти Суғд дар баробари коргоҳҳои коркарди гандум ва пахта, ки барои чорвою парандаҳо низ хӯрок истеҳсол мекунанд, боз беш аз 10 корхонаи истеҳсоли хӯроки чорвою паранда фаъолият доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво