29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

186
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал овардандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳое, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Ҳамин тариқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром Субҳон аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар — муовини вазири маориф ва илм, Усмонзода Аюб Ислом — ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Қурбониён Сарвар Собир — муовини вазири молия ва Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти босамари вазорати маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъиншуда таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат намоянд, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд ва вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво