19 июл 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Закия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

220
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Закия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи томактабии хусусии «Закия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии иншоот 2743 метри мураббаъро ташкил намуда, бино дар масоҳати 1108 метри мураббаъ сохта шудааст.

Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо ду забон-русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён бо ба инобат гирифтани малакаи касбӣ тариқи озмун ба кор қабул гардидаанд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуданд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 32 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид.

Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Закия» Комрон Қодиров бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Иншоот дорои ошхона бо 140 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҷомашӯӣ, толори варзиш, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ 6 айвонча сохта шуда, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ барои кӯдакон ва гӯшаи махсус ҷой дода шудаанд, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия мувофиқ мебошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво