29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Бандаранайкеи Шри-Ланка

882
Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бандаранайкеи пойтахти ин давлат- шаҳри Коломбо, ки бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ оро ёфта, аз ду ҷониби роҳрав Горди фахрӣ саф ороста буд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингҳ самимона истиқбол гирифт. Ба истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аъзои ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Шри Ланка саф оростанд.
Баъди анҷоми муқаррароти истиқбол дар фурудгоҳ Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо орзуҳои шукуфоии беш аз пеш ва таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Шри Ланка дар Китоби тиллоии меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.
Хотиррасон менамоем, ки ин нахустин боздид ва он ҳам сафари аввалини давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка буда, фарогири чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ, аз ҷумла мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хоса бо роҳбарияти олимақоми ин кишвар ва маросими имзои маҷмӯи санадҳои нави ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Шри Ланка мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво