Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои нодирро дар шаҳри Ҳисор ифтитоҳ намуданд
366
7 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳоро, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» таъсис дода шудааст, ифтитоҳ карданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла олами набототу ҳайвонот, беҳдошти вазъи экологии минтақа, хусусан пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ҳолати майдони хеле зиёди заминҳои партов ва аз кишт берунмонда беҳтар карда шуд. Дар маҳалле, ки мамнӯъгоҳ бунёд гардидааст, садҳо гектар замин бекор хобидаву аз ҳосил монда буд. Дар ин ҷо ҷангалзор нобуд шуда, ҳайвоноти нодир ва парандаҳо тамоман вуҷуд надоштанд. Акнун бо бунёди мамнӯъгоҳи нав мутахассисону коргарон фаъолияти худро ба масъалаи бунёди ҷангал ва афзоиши ҳайвоноту наботот дар ин мавзеъ равона мекунанд. Дар ин робита соли 2020 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дар майдони зиёда аз 4000 гектар замин, ки қисми зиёди онро кӯҳсор ва заминҳои талу теппа ташкил медиҳад, мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо ташкил гардид. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар мамнӯъгоҳ ҷиҳати афзоиши олами ҳайвонот парвариши парандаҳо ва ҳайвоноти нодир ба роҳ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, бухороӣ ва мурғи тазарв» қарори махсус қабул намуда буд ва ҳоло бо мақсади татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари ҳайвонот ва парандаҳои нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд, тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Баъди таъсиси мамнӯъгоҳ дар ин ҷо 150 нафар сокинони мамлакат соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, ки ҳадаф аз таъсиси он беҳтар намудани муҳити зист ва афзун гардонидани гуногунии биологӣ мебошад, дар нишебиҳои кӯҳ, ҷариҳо, талу теппаҳо ва қитъаҳои замини барои кишти зироатҳои кишоварзӣ мушкил ниҳолу буттаҳои гуногуни хушсифати маҳаллӣ ва хориҷии мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шудааст. Инчунин, тухмии аълосифати ба иқлими минтақа мувофиқ, гиёҳҳои гуногуни шифобахш ва дигар растаниҳои ғизоӣ кишт гардидааст. Дар нишебиҳои кӯҳ ва минтақаҳои душворгузар, зиёда аз 400 000 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулҳо шинонида шудаанд. Ҳамзамон бо ин, дар ин минтақа зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли пистаи маҳаллӣ шинонида шудааст, ки ин тадбир дар таърихи кишвар бесобиқа мебошад. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, инчунин, дар майдони 13 гектар парваришгоҳи ниҳол бунёд гардидааст, ки ҳоло дар он мутахассисони маҳаллӣ фаъолият доранд. Ниҳолҳои дар ин ҷо омодашуда ба ташкили ҷангал дар парваришгоҳ ва бунёди боғҳо дар саросари кишвар нигаронида шудаанд. Ҷиҳати амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин, тоза кардани насли ҳайвоноти ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ дар ҳудуди мамнӯъгоҳ парвариши оҳуи бухороӣ ва холдор васеъ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди «морал», «сурх», «наҷиб», «лан» ва бузҳои навъи «алпӣ» ва «муфлон» ворид карда шудаанд. Дар айни замон бо сохтору ниҳодҳои хориҷи кишвар барои ворид намудани ҳайвоноти навъи «бизони амрикоӣ» гуфтушунидҳо идома доранд. Дар мамнӯъгоҳи мазкур қариб 22 000 сар ҳайвоноту парандаҳои гуногун мавҷуданд, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз давлатҳои Русия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо ворид карда шудаанд. Аз ҷумла бедонаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғи марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ, оҳу ва ғайраҳо. Дар ин мамнӯъгоҳ намудҳои гуногуни мурғи тазарв, ки аз ҷумлаи парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад, парвариш меёбад. Бо мақсади мунтазам зиёд намудани саршумори парандаҳо бинои инкубатсионӣ, ки бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад, сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, дар ин мавзеъ 4 ҳавзи моҳипарварӣ сохта ва ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 43 000 сар моҳии истеъмолии навъҳои гуногун парвариш меёбад. Бо мақсади аз боронҳои шадид, барф ва дигар ҳодисаҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандаҳо дар ҳудуди минтақа 13 бинои махсус, аз ҷумла қафасҳо (волйер) бо иншооти иҳотагардида бунёд шудааст. Айни ҳол дар қафасҳои мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» кабкҳо, намудҳои мухталифи харгӯш, тазарв, шутурмурғ, мурғҳои марҷон ва оҳуҳои гуногун дар карантин нигоҳ дошта шуда, баъди муҳлати муайян онҳо ба хотири афзоиши саршумор дар ҳудуди заминҳои парваришгоҳ, ки ҳазорон гектарро ташкил медиҳад, сар дода мешаванд. Ин таҷриба, яъне парвариши ҳайвонот дар қафасҳо дар мамнӯъгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои дар мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» ҷорӣ кардани ин усул коршиносон аз хориҷи мамлакат ҷалб гардидаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин мавзеи зебо ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Бояд гуфт, ки заҳмату талоши мутахассисону коргарони Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» дар шаҳри Ҳисор ба татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши беҳдошти ҳифзи муҳити зист, зиёд намудани насли ҳайвоноти нодир, ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин, ба татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба ин восита эҳё намудани сайёҳии экологӣ равона гардидааст. Баъди эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва беҳтар гардидани вазъи фаъолияти мамнӯъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад. Ба хотири рушди минбаъдаи бахши парандапарварӣ имрӯз дар ҳудуди парваришгоҳ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди парандаҳои нодир сар дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисону коргарони мамнӯъгоҳро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ба онҳо барои истифодаи бештари имкониятҳо дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар посух ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда мешавад. Бунёди мамнӯъгоҳ барои иқтисоди кишвар аз бисёр ҷиҳат муфиду самарабахш аст. Бо таъсиси мамнӯъгоҳ барои фаъолияти олимони соҳа ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ, мусоидат ба мутобиқсозии ҳайвоноту наботот ба иқлими Тоҷикистон, афзоиши ҳайвоноту парандаҳои нодир, истифодаи талу теппаҳо барои растанипарварӣ ва ҷангалпарварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қобили зикр аст, ки ташаббускорон ва мутахассисону коргарони мамнӯъгоҳ ба масъалаи корҳои ободониву созандагӣ аҳаммияти махсус медиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки атрофи парваришгоҳ ободу зебо гардида, 20 километр роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш карда шудаанд. Инчунин, ҷиҳати бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани сокинони маҳаллаҳои наздики парваришгоҳ 3 стансияи обтаъминкунӣ бунёд гардидааст. Бояд гуфт, ки дар кишвар ҳоло шумораи зиёди мамнӯъгоҳҳо ва хоҷагиҳои ҷангал фаъолият доранд. Ҳадаф аз таъсиси ин хоҷагиҳо ва мамнӯъгоҳҳо ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва афзоиш додани онҳо мебошад. Фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал ва мамнӯъгоҳҳо ба рушди сайёҳии экологӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд. Кормандони хоҷагиҳои ҷангали кишвар дар баробари парвариши ҳайвоноту наботот, инчунин, ба ҷамъоварии меваю растаниҳои шифобахш, ки Тоҷикистон аз ин неъматҳои табиӣ бой мебошад, машғуланд. Танҳо дар водии Ҳисор, ки ба маркази пойтахт – шаҳри Душанбе наздик ҷойгир аст, хоҷагиҳои ҷангал бо саршумори зиёди ҳайвоноти нодир ва парандаҳо фаъолият доранд. Ин барои рушди сайёҳии экологӣ ва ҷалби сайёҳону меҳмонони пойтахт ба мамнӯъгоҳҳо мусоид мебошад. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор соли 1993 ташкил шудааст ва аз 3 минтақаи ҷангалпарварӣ — Алмосӣ, Шарра ва Чанор иборат буда, дар онҳо даҳҳо нафар бо кори доимӣ машғул мебошанд. Заминҳои фонди давлатии ҷангал 1994 гектарро ташкил медиҳанд. Самти асосии фаъолияти хоҷагии ҷангал бунёду барқарорсозии ҷангал, ҳифзу ҳимоя ва нигоҳдории олами набототу ҳайвонот аст. Дар хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор намудҳои гуногуни ниҳолҳо, аз ҷумла, арчаи зарафшонӣ, фарк, заранг, бодоми талхдона, себи кӯҳӣ, дӯлона ва дигар намудҳои ниҳолҳо мерӯянд. Ҳамчунин, дар ин ҷо намудҳои мухталифи ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар ҳайвоноту парандаҳо сукунат доранд. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав соли 1947 таъсис ёфтааст. Муассиса аз 2 минтақаи ҷангалпарварӣ — Селбурсой ва Регар иборат буда, дар онҳо 30 нафар фаъолият дорад. Масоҳати замини хоҷагии ҷангали Шаҳринав 1019 гектарро ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти ин хоҷагӣ низ бунёду барқарорсозии ҷангал ва ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот мебошад. Дар ин хоҷагӣ мурғи ҳилол, кабк, мурғобӣ, тазарв ва дигар намудҳои ҳайвоноту парандаҳо мавҷудаанд. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода соли 1988 ташкил шуда, шумораи коргарони он 30 нафар мебошад. Заминҳои фонди давлатии ҷангали шаҳри Турсунзода 456 ҳазор гектарро ташкил дода, аз 3 то 5 фоиз ҷангалзор мебошанд. Самти асосии фаъолияти хоҷагии ҷангал бунёду барқарорсозии ҷангал, ҳифзу ҳимоя ва нигоҳдории олами набототу ҳайвонот аст. Соли 2021 аз ҷониби коргарони хоҷагӣ 7 гектар ҷангали нав бунёд шуда, 30 гектар ҷангал барқарор гардидааст. Дар хоҷагии ҷангал ниҳолҳои хуч, акатсия, қарағоч, санавбар, олучаи кӯҳӣ ва дигар намуди ниҳолҳо мерӯянд. Саршумори оҳуи хоҷагӣ 321 сарро ташкил дода, ин шумора сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал барои афзун гардонидани гуногунии биологӣ, ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ниҳолпарварӣ ва дар маҷмӯъ, барои пешрафти иқтисоди мамлакат судовар мебошад. Қобили зикри хос аст, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ҷалб кардааст. Амну субот дар саросари кишвар, рушди бахшҳои муҳим, фаслҳои зебои сол, рӯду чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мавзеъҳои таърихӣ, мамнӯъгоҳҳо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз қабили маркополо, оҳуи бухороӣ, паланги барфӣ, имкон фароҳам меоваранд, ки ташрифи сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бештар гардад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |