25 январ 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғонимро ба ҳузур пазируфтанд

75
7 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғонимро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи имрӯзаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишвари мо ҷонибдори тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувайт ва манфиатдори рушди ҳамкорӣ бо муассисаи муҳими молиявии он — Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати металургияи ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳиро муҳокима карданд.

Саҳмгузорӣ дар иҷрои лоиҳаҳои алоҳида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок аз самтҳои судманди ҳамкории ду кишвар номида шуд.

Саҳми Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодии кишварҳои араб дар маблағгузории як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани 5 лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ки аз соли 2001 сурат мегирад, назаррас арзёбӣ гардид.

Ҷиҳати рушду густариши ҳамкориҳо дастгирии баргузории Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво