28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом оғози расмӣ бахшиданд

96
8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов нахуст ба корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масофаи умумии роҳи таҷдидшаванда 50,5 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии аз 8 то 15 метр дар қитъаҳои алоҳида сохта мешавад. Дар марҳилаи татбиқи лоиҳа дар ин масири роҳ корҳои тахту ҳамворнамоӣ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтани ҷӯйборҳои бетонӣ бо панҷараҳои муҳофизатӣ дар ду канори роҳ, сохтмон ва таъмири 11 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки роҳи мошингарди Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо маблағгузори грантии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи “Марҳилаи чоруми Барномаи рушди роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” бо маблағи 50 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар зарфи 3 сол пурра таҷдиду навсозӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, дар доираи лоиҳаи мазкур роҳи мошингарди қитъаи Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров бо дарозии 21,9 километр бо дараҷаи 3-юми техникӣ, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,3 километр бо дараҷаи 1-уми техникӣ, Конибодом — Кучкак бо дарозии 10 километр бо дараҷаи 1-уми техникӣ ва Куруш — Бекобод бо дарозии 12,3 километр бо дараҷаи 3-юми техникӣ, дар маҷмуъ бо дарозии умумии 50,5 километр пурра таъмиру навсозӣ карда мешаванд.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои бунёду навсозӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, зеро лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Деҳмой — Бобоҷон Ғафуров — Конибодом бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, рушди савдою тиҷорати наздисарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии рафту омади сокинону сайёҳон дар ҳамаи фаслҳои сол амалӣ карда мешавад.

Дар заминаи ҳамкории судманди дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония беш аз 10 адад нақлиёти тамғаҳои нав, ки асосан барои нигоҳдории ҳолати истифодаи роҳҳо пешбинӣ шудааст, дар ҳамин ҷо муаррифӣ карда шуд. Воситаҳои нақлиёти боиқтидори соҳавӣ кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония буда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфа гардиданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво