21 октябр 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашониро дар ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

18
21 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати маркази хизматрасонии мазкур 3 ҳазору 194 метри мураббаъ буда, аз таҳхона ва се ошёна иборат аст.

Сохтмони иншооти мазкур бо саҳми бародарон Сияровҳо аз соли 2018 оғоз гардида, бо харҷи 6 миллиону 840 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии «Сияриён» бозори фурӯши меваю сабзавот ва дигар номгуи маводи ғизоӣ бо 160 нуқтаи савдо мавҷуд аст.

Ошёнаи дуюм барои фурӯши молҳои рӯзгор ва либос пешбинӣ шудааст.

Бинои терминали мусофиркашонӣ низ барои 150 ҷои нишаст бунёд гардидааст, ки дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонӣ мавҷуд аст.

Масоҳати ҷойгиршавии бинои терминал 264 метри мураббаъ буда, бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавӣ 400 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти навбунёд баҳои баланд доданд ва саҳми соҳибкоронро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ назаррас маънидод карданд.

Мавриди зикри хос аст, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳияи Рашт дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, дар давоми солҳои охир аз ҷониби онҳо зиёда аз 71 километр роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия асфалтпӯш карда шуданд.

Инчунин бо саҳмгузории бахши хусусӣ 35 маркази савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво