26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор меҳмонхонаи навро ба истифода доданд

90
20 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Меҳмонхонаи «Таҳмина»-ро ба истифода доданд.

Бинои меҳмонхонаи «Таҳмина» аз 4 ошёна иборат буда, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019 -2021 бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Абдуллоев бунёд карда шудааст.

Иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ дорои 12 ҳуҷра, аз ҷумла 3 люкс буда, бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ оро дода шуда, бо тамоми шароити истироҳату фароғат таъмин мебошад.

Меҳмонхонаи навбунёд имкони қабули 25 нафар мизоҷ дар як вақтро доро аст.

Иншооти муосири хизматрасонӣ ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот 20 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 кас бо шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти иқлими мусоид, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф дар ноҳияи Сангвор масъулонро ҷиҳати таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва фароҳамсозии имконоти боз ҳам беҳтари хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ муваззаф намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво