25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I

148
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор
Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени
Исмоили Сомонӣ дараҷаи I

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 сентябри соли 2021
№247(175)



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво