29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мақолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» дар Миср ва Кувайт бознашр гардид

167
6 июл Бунгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Арабии Миср «Ал-Хабар-ул-явм» мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ ба хотири субот ва шукуфоӣ», ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта буд, бознашр намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бознашри ин мақола дар Миср, ки яке аз кишварҳои меҳварӣ дар Ховари Миёна ва қитъаи Африқо ба шумор меравад, бозгӯй аз обурӯю эътибори Тоҷикистон ва аҳаммияти муҳтавои раёсати он дар ин созмони бонуфузи минтақавӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин 23 июн рӯзномаи интернетии «Q8-PRESS»-и Давлати Кувайт низ мақолаи мазкурро ба забони арабӣ бознашр намуд.

Пайванди электронии мақола ба забони арабӣ дар Миср:

https://alkhabaralyoum.com/index.php/more/more-news/36802

Пайванди мақола ба забони арабӣ дар Давлати Кувайт:

https://www.q8-press.com/?p=21760




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво