20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

295
Нимаи дуюми имрӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар манзари бад шудани вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сарони давлатҳо ҳолати кунунии ҳарбию сиёсиро дар ин кишвари ҳамсоя муфассал муҳокима карданд.

Ҷонибҳо аз шадидтар шудани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар робита ба ин, бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, аҳамияти қадамҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар зикр гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво