7 декабр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акар мулоқот намуданд

87
1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳо бо Туркия, ки бар усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳои муштаракро дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт, зарур шумурданд.

Дар робита ба ташаннуҷи вазъи амниятӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, таъкид гардид, ки дар ин ҷода зарурати муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба онҳо тақозо мегардад.

Дар рафти мулоқот ба таври муфассал мубодилаи афкори ҷонибҳо атрофи вазъи имрӯзаи ташвишовари Афғонистон сурат гирифт. Дар ин зимн қайд гардид, ки дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои минтақа мебошад.

Аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар, ҳамкории босамари кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот инчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво