9 ноябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштироки Пешвои миллат дар расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилояти Суғд

1693
Шоми имрӯз баъд аз ба истифода додани Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилоят, ки шумораи онҳо беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медод, идома ёфт.
Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони баргузории чорабинӣ фармондеҳи парад, генерал-майор Бахтиёр Рузмуншоев тибқи оини низомиён фармони низом дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии гарнизони Суғд оид ба расми гузашти ҳарбӣ гузориш дод.
Сипас Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон сокинони матиниродаву заҳматкаши вилояти Суғд ва дар симои онҳо мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз табрик гуфта, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва саодати бардавом орзу намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид дошанд, ки “Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ва заҳмати созанда зиндагии босаодати мардумро ба роҳ монем.”
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки “Дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ, воқеан ҳам, боиси ифтихору таҳсин мебошанд.
Дар 25 соли соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳоҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ афзоиш ёфт ва дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардид.”
Баъд аз садои суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид.
Бо ҳамин тартиб бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ, қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, воҳидҳои таъиноти махсуси ин ниҳоди қудратӣ, филиали Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, занону бонувони сохторҳои қудратии ин гарнизон, Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ин минтақа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Хадамоти гумрук ва дигар ҷузъу томҳо, ки шумораи онҳо зиёда аз ҳазор нафар буд, расми гузашти низомӣ доир карданд.
Сипас намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони ташкилоту идораҳо, намояндагони бахшу соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи вилоят, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳову намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ карданд.
Дар ин чорабинии оммавӣ, ки таҳти унвони “Роҳи бахти тоҷикон” баргузор гардид, кулли иштирокдорон, аз ҷумла кӯдакону наврасон, ҷавонон, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои тандурустӣ, соҳибкорон, сохтмончиён, кишоварзон, занону духтарони ҳунарманд ва варзишгарон аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ шукргузор буданд.
Гуфта шуд, ки ҳамаи иқдомоти идона ба ифтихори ҷашни соҳибистиқлолии Ватанамон баргузоршуда, шаҳрвандони кишварро боз ҳам сарҷамъу муттаҳид гардонида, ба онҳо дар роҳи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон — Тоҷикистони азиз, ки мояи ифтихори ҳамаи мо мебошад, илҳому нерӯи дучанд мебахшанд.
Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манзури тамошобинон карда шуд, ҷолибу диданӣ буд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво