19 август 2022, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

101
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба Шумо табрикот ва таманниёти неки хешро ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.

Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Дар ин зимн мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво