Ифтитоҳи хати интиқоли барқ ва оби нӯшокии шаҳраки навбунёди Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
1113
Пешвои миллат нахуст бо пахш кардани тугмачаи рамзӣ маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки навбунёди Меҳронро чароғон намуданд.
Хатти барқ ба ин мавзеъ аз масофаи 2 км оварда шудааст. Дар айни замон барои чароғон кардани шаҳраки нав 12 Кв қувваи барқ сарф мешавад. Дар оянда пас аз сохта шудани дигар биноҳо талаботи шаҳрак ба 20 Кв қувваи барқ хоҳад афзуд. Корҳои васлу насби таҷҳизотҳои барқӣ ва равшанидиҳандаро дар шаҳраки навбунёд ҶДММ «Само» анҷом додааст. Дар ин ҷо инчунин бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ ва полезӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хатти об ба шаҳраки навбунёди Меҳрон аз сойи Каллахона, ки дар масофаи 11 км ҷойгир аст, оварда шудааст. Ин об барои обёрӣ намудани зиёда аз 50 гектар замин ва таъмин намудани бошандагони шаҳраки нав бо оби нӯшокӣ кифоя аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон аз наздик шинос гардиданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |