21 июн 2021, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

105
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз таъсиси шӯрои мазкурро баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки аз солҳои 2000-ум инҷониб Ҳукумати мамлакат дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намуд.

Дар ин муддат вобаста ба ислоҳоти соҳаҳои зикршуда як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, аз ҳисоби буҷети давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илм ва маориф тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Қабули “Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 — 2008” қадами аввалин ва ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.

Қарорҳои Ҳукумати кишвар ва дигар санадҳои муҳими соҳа, аз чумла дар бораи “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007 — 2015”, “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”, “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 — 2020”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ барои солҳои 2011 — 2015”, аз иқдомҳои дигар ба шумор рафта, ҳар кадоми онҳо ба рушди ин ё он бахши соҳаҳои илму маорифи кишвар мусоидат намуданд. Инчунин қабули барномаҳо бо дарназардошти талаботи замон ва аҳаммияти бузурги илмҳо дар ҷодаи таъмин намудани пешрафти кишвар ба роҳ монда шуд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар асоси қабули барномаву санадҳо ва дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ тавсеа пайдо кард.

Вобаста ба тасмими Ҳукумати кишвар оид ба интихоби ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст.

Дастовардҳои солҳои охири олимони кишварро таҳлил намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи олимони мо дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар қонеъкунанда нестанд.

Аз ин ру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнии ҷомеа Ҳукумати мамлакат солҳои 2020 — 2040-ро бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи “Илм — фурӯғи маърифат” қарор қабул кард.

Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба таъсиси шабакаи телевизионии “Илм ва табиат”, ки бо супориши бевоситаи Сарвари давлат ташкил ва ба фаъолият оғоз намуд, Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 — 2040” саҳми арзишманд мегузорад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи ин ибтикорот на танҳо ба такмили ҷиддии низоми идораи соҳа ва пайвастани илми ватанӣ бо истеҳсолот, балки дар маҷмӯъ, ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар кишвари мо мусоидат хоҳад кард.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои илму инноватсия, пайвандии илму истеҳсолот Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои химия, директори Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икром, директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода, ходими илмии Маркази инноватсионӣ оид ба омӯзиши маводи табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаррух Шарофов, сарходими илмии Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов ва дотсенти кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Борбад Мирзозода бо таклифу пешниҳодҳо барои рушди илму инноватсия дар Тоҷикистон баромад карданд.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво