19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чойхона ва тарабхонаи миллии «Шамсулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тӯҳфаҳо тақдим намуданд

223
25 март дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии «Шамсулло»-ро, ки аз тарафи сокинони ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Исматулло Абдуллозода ва Кароматуллои Исматулло сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бо бунёди иншооти маишӣ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ бошад, 500 сохтмончӣ соҳиби кор гашта буд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ дар давоми 1 сол бунёд шуда, дари даромадгоҳи он бо чуб кандакорӣ, беруни бино бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ ва дохили он бо истифода аз услуби хоси миллӣ ва гаҷкорию оинабадӣ шудааст.

Саҳни ҳавлии чойхонаи миллӣ бо сафолакҳои бетонии ороишӣ рӯйпӯш карда шудааст. Инчунин дар гирду атрофи бино барои сокинон ҷойи сайру гашт ва тамошо, бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва ду тарафи роҳравҳо бо гулу буттаҳои ороишӣ бунёд гардидааст.

Дар паҳлӯи бинои чойхона ва тарабхона ҳамчунин ҳуҷраҳои иловагӣ сохта шудааст ва имкон аст дар ин ҷо боз ба даҳҳо нафар мизоҷон хизмат расонда шавад.

Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Оилаи Абдуллозодаҳо ният доранд, ки то ҷашни Истиқлол меҳмонхонаи боҳашамати “Наврӯз”-ро, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд, бунёд намоянд.

Пас аз шиносоӣ бо тарҳи бино ва шароити хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат ба иқдоми сокинони ватандӯсти ноҳия баҳои баланд доданд.

Баъди ифтитоҳи иншооти наву муосир ва шиносоӣ ба дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои наврӯзии иборат аз сару либос, ширинӣ ва кумакҳои пулӣ тақдим карданд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва ятимпарварӣ ба аёдати ятимони кулл рафта, аз шароити будубоши онҳо дар хона-интернатҳо шинос мешаванд ва чун анъанаи накуи баҳорӣ кумакҳои моддӣ мерасонанд.

Дар мулоқоти имрӯза 150 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон ва Носири Хусрав аз кӯмакҳои Пешвои миллат баҳравар гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво