12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии Роғун ва сокинони шаҳри Роғун

1066
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун ва суҳбати гарму созанда бо коргарони матиниродаи ин иншооти муҳим дар як макони зебову дилфиреби шаҳр бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва сокинони шаҳри Роғун мулоқоти самимӣ доир кард.
Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо кулли сокинони шаҳри Роғунро бо ҷашни бузурги умумимиллии дарпешистода — 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, ҳамаи комёбиҳоро аз хоҳишу талошҳои мардум ва татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат маънидод кард.
Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди неругоҳи барқи обии Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди неругоҳи барқи обии Роғун роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст.
“Мақсади асосии мо — тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки “маҳз тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ дар давраи гузариш мо метавонем рушди устувори иқтисодиёти кишварро таъмин намоем”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.
Ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Дар ин давра бунёди лоиҳаи бузурги байнидавлатии хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 оғоз гардида, татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳиме, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии мардумии Чин дар назар аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар идомаи тадбирҳои муҳиму мушаххас барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ айни ҳол аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои лоиҳакашии нерӯгоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Нуробод — 1”, “Нуробод — 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии ба нақша гирифташуда ба итмом расонида мешавад. Дар баробари ин, таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак идома дошта, корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои Қайроққум ва Сарбанд шуруъ гардидаанд.
Барои расидан ба ҳамаи ин ҳадафҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар мутахассисонро вазифадор намуд, ки корҳои созандагиро дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ иҷро намоянд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба азму иродаи сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии Роғун баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати кори пуршараф ва таърихӣ ҳидоят намуд.
Дар ҳамин ҷо пас аз анҷоми суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии Роғун ва сокинони шаҳри Роғун баромад карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ, ташаббусҳои созанда ва талошҳо баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво