19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат” иштирок карданд

247
Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар бунёди боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” дар масоҳати 5 гектар иштирок карданд.

Бино ба нишондоди мутахассисони соҳа, реҷаи шинонидани ниҳоли сиёҳолуи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” 4 ба 2,5 метр буда, дар масоҳати 1 гектар ба миқдори 1000 бех ҷойгир карда мешаванд. Ниҳолони қадпасти сиёҳолу дар такрешаи “Пумиселект” ва “Миробалан С-29” дар Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд парвариш карда шудаанд.

Ниҳолони сиёҳолу дар натиҷаи омӯзишу таҷрибаҳои даҳсолаи олимону мутахассисон рӯи кор омадаанд. Олимону мутахассисони соҳа дар маҷмӯъ 7 намуди олуро мавриди омӯзиш қарор дода, дар натиҷа ҳамин ду навъи сиёҳолуи хушкшавандаи “Стенлей” ва “Венгерка”-ро барои парвариш пешниҳод намудаанд. Баландии ин дарахтон ҳангоми ба воя расидан ҳамагӣ 3-3,5 метрро ташкил дода, дар шакли қабат ба қабат ва косашакл гузаронида мешаванд. Дар ҳолати дуруст риоя намудани қоидаҳои параваришу нигоҳубин ба намуди шаклдиҳӣ, озуқадиҳӣ, обёрикунӣ, коркарди байни қаторҳо ва дигар корҳои агротехтикӣ ниҳолони қадбасти сиёҳолуи хушкшавандаи навъҳои “Стенлей” ва “Венгерка” баъди соли сеюми нашъунамо ба ҳосил медароянд. Ҳосилнокии ин навъи ниҳолҳо дар сесолагӣ аз 20 то 40-сентнерӣ, яъне ки аз 1 гектар аз 2 то 4 тонна меваи хушсифати сиёҳолуро дар бар мегирад. Илова бар ин сол аз сол ҳосилнокии ин дарахтон афзоиш ёфта, дар 7-солагӣ аз 250 то 300 сентнерӣ, яъне аз 1 гектар аз 25 то 30 тонна мева медиҳанд. Дарахтон метавонанд аз 25 то 40 сол ҳосили фаровони мева диҳанд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар заминаи иҷрои амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба роҳ мондани усули инноватсионии боғдорӣ дар кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд даҳҳо гектар боғҳои интенсивии нав бунёд карда шуданд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар вилояти Суғд 207 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд, ки аз он 10 гектарашро боғҳои суперинтенсивӣ ташкил медиҳанд.

Боғҳои интенсивӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Шаҳристон Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ, Панчакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир мебошанд.

Аз 10 гектар боғи суперинтенсивӣ 5 гектараш дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ниҳоли шафтолу, гелос, себ ва 5 гектари дигар дар ноҳияи Спитамен бо ниҳоли себ ташкил карда шудаанд.

Соли 2021 дар вилоят бунёди боз даҳҳо гектар боғҳои интенсивии нав ба нақша гирифта шудаст, ки 4 гектар боғи интенсивии сиёҳолуи хушкшавандаи навъҳои “Стенли” ва “Венгерка” аз оғози ин иқдоми нек мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии ташкили усули инноватсионии боғдорӣ дар баробари таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо меваю сабзавот, баланд бардоштани имконияти содиротии кишварамон дар ин самт мебошад.

Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз соли 2018 инҷониб парвариши моҳӣ низ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар чор ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 1,4 гектар қариб 13 ҳазор сар моҳиҳои навъи “амури сафед”, “пешониғафс” ва “Сазан” парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.

Дар ҷараёни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба хотири амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ин ҳавзҳо боз 15 ҳазор сар моҳии навъҳои “амури сафед”, “пешониғафс” ва “сазан” сар дода шуданд.

Ҳамчунин дар Боғи миллии Ваҳдат ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 200 сар парандаи фазан сар доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво