25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд

257
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва Ёқубзода Мирҳаёт ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Восидиён Фарҳод бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд.

Сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба таъин гардиданд.

Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъингардида аз мушкилоту камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар сохторҳои зикргардида ёдовар шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар системаи идораи бонкӣ, бурдани назорати ҷиддии прокурорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар самти замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мисолҳои мушаххас оварда, иҷрои ҳатмии камбудиҳоро дар муҳлатҳои майян талаб намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво