16 август 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштироки Пешвои миллат дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

787
Субҳи рӯзи 22 май Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.
Дар раъйпурсии навбатӣ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холов, ки участкаи рақами 15-и Ҳавзаи раъйпурсии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рақами 2 дар он қарор дорад, чун ҳамаи мардуми кишвар дастаҷамъона ширкат варзиданд. Ҳамагӣ дар участкаи раъйдиҳии мазкур 1534 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 4 нафар бори аввал овоз медиҳанд.
Иштироки васеи мардум дар раъйпурсӣ аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво