4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

228
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон – Елбаси зимни табрикоти худ овардааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз самими қалб Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям!

Ин ғалаба, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати созандаи дохилӣ ва хориҷии Шумо, тарафдории мардум аз Шумо дар роҳи рушди минбаъдаи кишваратон мебошад.

Мехоҳам саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими шарикии дуҷонибаи стратегӣ, анъанаҳои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намоям.

Дӯстии байни мову Шуморо, ки дар заминаи эътимод ва ҳусни тафоҳум барқарор гардидааст, баланд қадрдонӣ менамоям. Муътақидам, ки кори муштараки самарабахш ҳамоно заминаи рушди ҳамкории ҳамаҷонибаро бар нафъи мардумонамон ташкил медиҳад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ ва комёбиҳо дар татбиқи иқдомҳои некатон, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ орзу менамоям”.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Аз номи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям!

Бовар дорам, ки ислоҳоту барномаҳои муҳиме, ки аз ҷониби Шумо амалӣ мешаванд, ҳаёти иҷтимоии мардумро боз ҳам беҳтар карда, барои рушди минбаъдаи босуботи кишвар шароити мусоид фароҳам меоваранд.

Муътақидам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак кореро, ки ба таҳкими ҳамкории созандаи мо ва таъмиқи муносибатҳои дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон бар асоси эътимоди мутақобила нигаронда шудааст, бар нафъи некӯаҳволии ду мардуми ба ҳам бародар идома хоҳем бахшид.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ хоҳонам”.

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:

“Муҳтарам Президент,

Дӯсти Азизам,

Аз номи мардуми Ҷумҳурии Туркия ва шахсан аз номи худам Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади олӣ дар интихоботи президентии 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон доиргардида ва эътимоди зиёди мардуми Тоҷикистон ба Шумо бо беҳтарин таманниёт самимона табрик намуда, бароятон комёбиҳои бардавом орзумандам.

Хеле шод ҳастем, ки интихобот бо муваффақият ва дар фазои оромию осоиштагӣ баргузор гардид. Натиҷаи интихоботро ба мардуми Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

Итминон дорам, ки дар якҷоягӣ робитаҳоямонро, ки аз пайвандҳои зичи дӯстии байни мардумонамон ва кишварҳоямон неру мегиранд, дар давраҳои минбаъда низ вусъат хоҳем бахшид.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоиву некӯаҳволии бардавом таманно дорам”.

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.

Пирӯзии Шумо дар ин интихобот як далели эътимоди бузурги мардум ба Шумо, баҳои баланд ба хизматҳои Шумо ва он сиёсате, ки аз ҷониби Шумо дар роҳи рушду шукуфоии кишваратон татбиқ мегардад, мебошад.

Озарбойҷон ва Тоҷикистонро риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки бар асоси ин анъанаҳои нек муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории мо мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон дар оянда низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.

Беҳтарин таманниёти худро ба Шумо арз намуда, дар фаъолиятатон ба нафъи шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо орзумандам”.

Президенти Грузия Саломе Зурабишвили дар барқияи худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

“Ҷаноби Олӣ,

Мояи камоли фараҳмандии ин ҷониб аст, ки табрикоти самимонаи худро ба Шумо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намуда, бароятон сиҳативу саодатмандӣ ва дар иҷрои рисолати сермасъули давлатиатон муваффақият орзу намоям.

Дар иртибот ба ин рӯйдоди хосса мехоҳам хушнудона таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим иҷро менамояд. Мутмаинам, ки Тоҷикистон дар оянда ҳам ба пешрафти қобили назар, ки барои амнияту шукуфоии ҳамаи мо ҳаётан муҳим мебошад, ноил хоҳад гардид.

Бовар дорам, ки ҳамкории фаъоли байни кишварҳои мо дар сиғаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мутобиқ ба манфиатҳои муштараки мардумони мо минбаъд низ идома ёфта, рушд хоҳад кард.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми ин ҷониб ва беҳтарин таманниёти манро ҷиҳати сулҳу шукуфоӣ ба мардуми Тоҷикистон қабул фармоед”.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво