Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
212
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Муҳтарам Александр Лукашенко Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбодӣ гуфта, ба Пешвои миллат таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаи сермасъули давлатиаш, ба тамоми мардуми Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу намуданд. Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд. Сарони давлатҳо дар фазои дӯстона атрофи вазъи кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар мубодилаи афкор анҷом дода, роҳҳои густариши минбаъдаи онҳоро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |