23 июн 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Маросими муаррифии нашри арабии «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва ифтитоҳи намоишгоҳи Тоҷикистон

910
Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар донишгоҳ устодону донишҷӯён бо самимияти хоси истиқболи меҳмонони олимақом пазироӣ карданд.
Зимни ин вохӯрӣ нашри арабии ҷилди чоруми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” муаррифӣ карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин китоби пурарзиши таърихӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт зери назари арабшиноси шинохта Нарзулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи «Матобеъ ал — Аҳроми Кувайт» чоп гардидааст.
Баъди истиқболи самимии меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи ин муассисаи олии таълимӣ ректори Донишгоҳи Кувайт доктор Ҳусейн Ансорӣ, декани факултаи адабу ҳунар доктор хонум Суод Абдулваҳод ва мудири шуъбаи таърих доктор Ҳодӣ Носир ал-Аҷмӣ дар бораи пуштибонии чеҳраи барҷастаи сиёсии олам, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз исломи ноб дар созмонҳои бонуфузи сайёра, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, тарҷумаи китоби Қуръон ва ба мардум дастрас кардани он ва дигар талошҳо баҳри таҳкими муносибатҳои илмӣ, оид ба аҳамияти таърихии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни бою қадимаи мардуми тоҷик андешаронӣ намуданд. Баромадкунандагон дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ дар равшан кардани таърихи тоҷикон сухан карда, Сарвари давлати Тоҷикистонро ҳамчун муаррихи маъруф муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин ба ҳозирин филми кӯтоҳмуддати мустанад оид ба фарҳанги оламшумули тоҷикон, оинҳои неки Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҷаҳонишавии ин ҷашни ниёгон намоиш дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону шогирдони ин даргоҳи илм бо нутқи пурмуҳтаво баромад кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба созмондиҳандагони ин маҳфил, аз ҷумла ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кувайт ва Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёт, хусусан, мудири кулли он ҷаноби Алӣ Ювҳа арзи сипос ва қадрдонӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Нашри нави ин китоб ба забони арабӣ дар кишвари шумо нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.”
Роҳбарияти донишгоҳ ба хотири қадршиносӣ аз саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маърифат байни кишварҳо ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи Донишгоҳи Кувайт ва албоми аксу мусаввараҳои нашри Кувайт ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим карданд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ оид ба муаррифии нашри арабии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар назди донишгоҳ намоишгоҳи Тоҷикистон кушода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ намоишгоҳро ифтитоҳ намуд.
Зимни тамошои он ҳайати ҳамроҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ва намояндагони корпусҳои дипломатиии муқими Кувайт аксу мусаввараҳои табиати зебову нотакрори Тоҷикистонро тамошо карданд.
Дар намоишгоҳ барои муаррифии кишвари биҳиштосои мо гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, расму мусаввараҳои гуногуни инъикосгари таъриху тамаддун, фарҳанги оламшумули тоҷикон, меваҳои шаҳдбор, хушкмеваҳо ва либосу асбобҳои миллӣ ташкил карда шуд.
Ҳамаи меҳмонон аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон ва муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” таассуроти нек бардоштанд.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво