Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
244
28 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози кори маҷлис оид ба амалигардии “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, таҳти рақами 201 тасдиқ шудааст, ҳисоботи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шараф Шерализода шунида шуд. Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, №201 қабул шудааст, дар самти сиёсати дастгирии соҳибкорӣ санади бениҳоят муҳим арзёбӣ гардида, он барои гузаронидани ислоҳоти давра ба давра ва маҷмӯии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзи имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани сифат, афзун намудани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигаронидашуда, мусоидат намуд. Қайд намудан зарур аст, ки Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар се марҳила (марҳилаи аввал — солҳои 2012-2014, марҳиллаи дуюм — 2015-2017 ва мархилаи сеюм — 2018-2020) дар асоси нақшаҳои чорабиниҳое, ки барои татбиқи Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон қабул карда шуданд, татбиқ гардид. Дар натиҷаи татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 шумораи субъектҳои фаъолияти соҳибкории амалкунанда аз 187,0 ҳазори соли 2012 то 328,0 ҳазор дар соли 2020 расонида шуд. Дар ин раванд ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 70 фоиз, дар таъмини шуғли аҳолӣ 68 фоиз ва дар пардохти андозҳо 80 фоизро ташкил дод. Рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат мебошад ва дар даврони истиқлолият ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, ташаккули низоми андозбандӣ ва содагардонии савдои беруна ислоҳоти манфиатноке мебошанд, ки ба рушди бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар 8 соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” ба таври назаррас беҳтар карда, дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидаи Ҳукумати кишвар дар солҳои 2015 ва 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ба қатори даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар шомил гардид. Барои содаву осон намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба меъёрҳои муосир баробар намудани он, низомҳои Равзанаи ягона барои барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, барои бақайдгирии амволи ғайриманқул, инчунин механизмҳои дигари муосир бо истифодаи технологияҳои электронӣ ҷорӣ гардида, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодаанд. Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат” вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода, Дар бораи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ва Дар бораи “Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ҳисобот доданд. Сипас,аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” муҳокима карданд. Лоиҳаҳои қонунҳо Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” аз масъалаҳои дигар ва муҳим буд, ки аз тарафи аъзои Ҳукумат муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишварро ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таъмини нақшаи тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тезонидани ҷамъоварии беталафи ҳосили шолӣ, маккаи дон, картошка, захираи тухмӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, ҷалб карда, аз ҳамаи масъулини сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |