24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мавриди истифода қарор доданд

231
24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолу пойдории давлат ба симои ноҳия зебоии тоза зам намуда, атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинон мубаддал гардид.

Майдони умумии замини иншоот 1,5 гектарро ташкил дода, пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозӣ ва пахноии матоаш 14 бар 7 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2020 оғоз ёфта, коргарону мутахассисони маҳаллӣ тавонистанд онро дар муҳлати кӯтоҳ бо риояи талаботи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ ва сифати баланд ба анҷом расонанд.

Бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то имрӯз дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сурат гирифт, иқдоми муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромӣ доштани муқаддасоти Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон мебошад.

Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ, гулҳои рангоранг ва ниҳоли дарахтони сояафкан зебу зиннат ёфтааст.

Дар доираи корҳои ободонӣ барои сайругашти сокинон 10 нишастгоҳи замонавӣ ва 33 чароғпояи хурду бузург насб гардидааст, ки макони беҳамтои истироҳат ва фароғат ба ҳисоб меравад.

Сокинон аз он ифтихор доранд, ки дар доираи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ бунёд мешаванд.

Изҳори эътимоду боварӣ карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки ин воситаи муҳими баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози давлат мегардад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво