5 декабр 2020, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

38
22.09.2020, ноҳияи Шаҳритус

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ибтидо ба ҳамаи сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳияи Шаҳритус барои дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар ҷодаи ободкориву созандагии Ватани азизамон арзи сипос менамоям.

Дар доираи сафари кории имрӯза мо тасмим гирифтем, ки аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва сатҳи зиндагии сокинони он шинос шуда, бо шумо — роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеа ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда мулоқот намоем.

Аз дастовардҳои ноҳия бармеояд, ки ин гӯшаи диёрамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ хеле обод гардида, сатҳи рӯзгори мардум сол ба сол беҳтар шуда истодааст.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади беҳтар гардидани зиндагии сокинони ноҳияи Шаҳритус, инчунин, ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми он бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат зиёда аз 515 миллион сомонӣ равона намудааст.

Илова бар ин, Ҳукумати кишвар то имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус 5 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 22 миллион сомонӣ татбиқ намуда, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, анҷом дода шудаанд. Ҳоло дар самтҳои зикршуда боз 7 лоиҳа ба маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 365 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 270 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 74 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Имрӯз мо дар маросими ба истифода супоридани чандин иншооти навбунёди ноҳия, аз ҷумла бинои шӯъбаи маориф, майдонҳои Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, боғи фарҳангу фароғат, майдончаи варзиш ва марказҳои хизматрасонӣ иштирок намудем.

Бовар дорам, ки иншооти нав ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ва беҳтар гардидани шароити фароғату истироҳати сокинони ноҳия мусоидат менамояд.

Мутаассифона, “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2016-2020” ҳамагӣ 56 фоиз иҷро шуда, аз 104 лоиҳаи пешбинишуда ҳамагӣ 60 лоиҳа ба маблағи 33 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар 28 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. Яъне 16 лоиҳаи барнома иҷро намегардад, ки хеле ташвишовар мебошад.

Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус зарур аст, ки ҷиҳати самараноку босифат татбиқ гардидани барномаи қабулгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ беҳтар ба роҳ монанд.

Зеро иҷрои босифати барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Тибқи маълумот дар бист соли охир дар ноҳияи Шаҳритус беш аз 30 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Вале ин рақам ҳоло ҳам қонекунанда нест, зеро ноҳия хеле сераҳолӣ мебошад.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадоранд, ки дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хусусан, ҷойҳои доимии корӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла бо роҳи таъсис додани корхонаҳои саноатии коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз худ кардани заминҳои нав ва тавсеа додани хизматрасониҳо иҷрои нишондиҳандаҳои барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи Шаҳритусро таъмин намоянд.

Дӯстони азиз!

Дар ҳафт моҳи соли 2020 ба буҷети маҳаллӣ беш аз 18 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 94,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра нақшаи андозҳо аз даромад, боҷи давлатӣ, воситаҳои нақлиёт ва низоми махсуси андозбандӣ таъмин нагардидаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар ҳафт моҳи соли равон бақияи қарзи андозҳо 8,4 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи андоз корро дар самти фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои пурра иҷро намудани нақшаи андозу пардохтҳо, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав ҷораҷӯӣ намоянд.

Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатпазирии он замина мегузорад.

Рушди соҳаи саноат, инчунин, барои пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия асосан аз ҳисоби ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ афзоиш меёбад.

Ҳоло дар ноҳия 23 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият доранд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 корхона зиёд мебошад.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли нахи пахта, чигит, равғани растанӣ, орд, гӯшт, хишт ва маҳсулоти пластикӣ афзуда, дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 22 миллион сомонӣ ё 40 фоиз зиёд шудааст.

Бо вуҷуди дар ноҳия сол ба сол рушд кардани соҳаи саноат нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноаткунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолии хурду миёна ва воридоти технологияҳои муосир чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамватанони азиз!

Соҳаи кишоварзии ноҳия дар пешбурди иқтисодиёти он нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи корӣ ва даромади аҳоливу буҷети маҳаллӣ мебошад.

Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хеле назаррас аст.

Ба ҳолати 1 августи соли 2020 кишоварзони ноҳия дар майдони 14,7 ҳазор гектар кишти зироат гузаронидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз ё 543 гектар зиёд мебошад.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 430,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 11,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли сабзавот, меваю ангур, гӯшту шир, тухму пашм, асал ва гӯшти моҳӣ зиёд гардида, вале истеҳсоли картошка, полезӣ ва пилла коҳиш ёфтааст.

Соли ҷорӣ дар ноҳия ҳамагӣ дар майдони 388 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133 гектар ё 25,5 фоиз кам мебошад. Аз ҳамин сабаб ҷамъоварии картошка низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор тонна ё 32,4 фоиз кам гардидааст.

Се сол қабл ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия зикр карда будам, ки ноҳияи Шаҳритус барои рушди соҳаи моҳипарварӣ шароиту имкониятҳои бисёр мусоид дорад.

Вобаста ба ин, дар назди роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ва зиёд кардани истеҳсоли он вазифаҳои мушаххас гузошта будам.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 48 тонна ё 4 баробар зиёд шудааст. Вале ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳои ноҳия дар ин самт истифода шудаанд.

Дар иртибот ба ин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус вазифадоранд, ки бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Масофаи умумии роҳҳои мошингарди ноҳияи Шаҳритус 134 километрро ташкил дода, 39 километри онҳо роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва 95 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

Дар солҳои охир 20 километр роҳ, аз ҷумла 6 километр роҳи маркази ноҳия, 12 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 2 километр роҳи байналмилалӣ таъмиру таҷдид гардидаанд.

Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат барқарорсозии пули воқеъ дар роҳи мошингарди Қизилқалъа-Айвоҷ ва таъмири қитъаҳои алоҳидаи роҳи мазкур анҷом дода шуд.

Дар доираи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ таъмири 60 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 3 пул ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 8 километр роҳҳои маҳаллӣ, 3 пул ва беш аз 50 километр роҳҳои дохили деҳаҳо ба анҷом расонида шудааст ва зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои таъмиру таҷдид намудани роҳҳои боқимондаи дохили ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Соҳаи маориф ҳамчун омили калидии рушди ҷомеа барои ноил гардидан ба ҳадафҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва амалисозии ислоҳоти соҳа вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия сол ба сол беҳтар шуда истодааст.

Ҳоло дар ноҳия 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, аз ин шумора 15 муассиса дар давраи соҳибистиқлолии кишвар сохта, ба истифода дода шудааст.

Имрӯзҳо таъмиру барқарорсозии бинои литсейи касбҳои техникии ноҳия ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти зарурӣ идома дошта, маблағи то имрӯз азхудшуда 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Вале бо сабаби ҳар сол қариб 400 нафар зиёд шудани шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла норасоии ҷойи нишаст, фарсудашавии мизу курсӣ ва дар се баст таҳсил кардани хонандагон ба миён омадааст, ки бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро талаб мекунад.

Инчунин, муассисаҳои таълимии рақамҳои 26, 34, 44, 47 ва 54 ба сохтмони биноҳои иловагӣ ва мактаб-интернати наздимактабии ноҳия ба навсозӣ зарурат дошта,дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия норасоии 50 нафар омӯзгор аз фанҳои дақиқу гуманитарӣ, аз ҷумла риёзӣ, химия, физика, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва забонҳои хориҷӣ андешидани тадбирҳои заруриро тақозо мекунад.

Ҷиҳати бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани соҳаҳои мухталифи ноҳия дар давраи солҳои 1997 — 2020 тибқи квотаи Президентӣ аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус 290 нафар, аз ҷумла 185 нафар духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда шудаанд.

Танҳо соли ҷорӣ 18 нафар, аз ҷумла 9 нафар духтарон бо квота донишҷӯй шудаанд.

Ҳоло дар ноҳия 6 беморхона бо 480 кат, 10 маркази саломатӣ, 34 бунгоҳи тиббӣ, 11 маркази соҳавӣ ба сокинони ноҳия хизмат карда истодаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Шаҳритус 6 муассисаи тандурустӣ ва 6 бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуда, муассисаҳои тиббии ноҳия бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Дар баробари ин, то ҳол дар ноҳия 5 бунгоҳи саломатӣ таъмирталаб мебошад.

Дар муассисаҳои тиббии ноҳия имрӯз 138 нафар табиб ва 481 корманди миёнаи тиб фаъолият дошта, таъминот бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ нисбат ба 10 ҳазор аҳолӣ мутаносибан 11 ва 38 нафарро ташкил медиҳад, ки мутаносибан бо 37 ва 18 фоизи соли 1992 баробар мебошад.

Дар даҳ соли охир аз ноҳияи Шаҳритус ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 644 нафар дохил шуда, онро 180 нафар ҷавонон (аз ҷумла 20 нафар бо квотаи Президентӣ) хатм кардаанд. Ҳоло дар донишгоҳи мазкур 73 нафар, аз ҷумла 18 нафар бо квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд.

Бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои тиббии ноҳия 37 нафар табиб ва 22 корманди миёнаи тиббӣ намерасад.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки ҳарчи зудтар мушкилоти соҳаро дар ноҳия, хусусан, таъминоти муассисаҳои тиббиро бо мутахассисони соҳибихтисос пурра ҳаллу фасл намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз ҳамаамон шоҳид ҳастем, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Шаҳритус ин гӯшаи Тоҷикистони азиз пайгирона рушд карда, сол аз сол ободу зебо гардида истодааст.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи сокинони бонангу номуси ноҳияи Шаҳритус ва соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар ободии диёри худ саҳми арзанда гузошта истодаанд, самимона арзи сипос менамоям.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳритус анъанаҳои неки аҷдодамонро дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ идома бахшида, сарҷамъу муттаҳид барои рушди Тоҷикистони азизамон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ сазовор мегарданд.

Дар охир ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони ватандӯсту ватанпарвари ноҳияи Шаҳритус барору муваффақият ва хонаи обод орзу карда, барои истиқболи самимӣ арзи сипос менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво