Пешвои миллат Кохи афсарони Вазорати мудофиаро ифтитоҳ намуд
1200
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои боҳашамати Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.
Зимни шиносоӣ бо бинои наву замонавии Кохи афсарон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бино соли 2012 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои кӯмаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи як ширкати сохтмонии ҳамин кишвар бунёд шудааст. Бино аз панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он асосан толори васеи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, утоқҳои маҳси бадан ва дигар нуқтаҳои фароғатӣ ҷойгир аст. Дар қабати якуми бинои Кохи афсарон ошхонаи кушоду барҳавои муосир, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, мағозаи тиҷоратӣ, нуқтаи назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва барои табобату расонидани ёрии аввалини тиббӣ як нуқтаи махсус бо тамоми шароит ба истифода дода шудааст. Барои истироҳату фароғати афсарон ва меҳмонон ошхона ва меҳмонхонаи чинӣ бо 20 ҳуҷраи истиқоматӣ барои 40 нафар меҳмон дар ошёнаҳои дуюму сеюм, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаҳои гуногун, китобхонаҳои электронӣ ва утоқҳои алоҳидаи китобхонӣ мавҷуд аст. Дар ошёнаҳои чоруму панҷуми бинои Кохи афсарон бошад, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толор барои гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ ва дигар марказҳои фароғатӣ сохта шудааст. Дар маҷмуъ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонию истироҳатӣ, инчунин дар ин бино 68 ҳуҷраи истиқоматӣ бо шароити лозима мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фаъолияту хизматрасонии Кохи афсарон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои пешрафти кор аз ин имкониятҳои муҳайёкардаи ҳукумати мамлакат самаранок истифода баранд. Барои хизматрасонии сатҳи баланд дар Кохи афсарон 70 нафар занону бонувон ва мардони соҳибмаълумоту бомаҳорат ва донандагони забонҳои хориҷӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Баъди шиносоии пурра бо Кохи афсарон дар толори маҷлисгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди афсарону дигар кормандони Вазорати мудофиаи кишвар сӯҳбати самимӣ доир кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо ифтитоҳи бинои истиқоматӣ ва маҷмааи Кохи афсарон табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бунёди артиши миллии кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳамаи пешравиҳои нерӯҳои мудофиавии кишвар бо шарофати соҳибистиқлолӣ насиби мардуми шарафманди тоҷик гардидааст. Таъкид шуд, ки имрӯзҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои боло бурдани нуфузи ин ниҳод ва тарбияи насли ватандӯст тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд. Баъди суханронии Президенти мамлакат афсарони сохторҳои гуногуни Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баромад карда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои созанда баҳри боло бурдани обру ва нуфузи Артиши миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон, таъмини беҳтарин шароити моддию техникӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, инчунин дигар ғамхориҳои Сарвари давлат дар ҳаққи хизматчиёнӣ низомӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Онҳо дар ҷавоб ваъда доданд, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан содиқона хизмат мекунанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |