18 апрел 2021, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ба истифода додани бинои нави истиқоматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ бо иштироки Пешвои миллат

781
Имрӯз Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат иштирок кард.
Бинои нави 15 ошёна дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир буда бо тарҳу услуби нави санъати меъморӣ бунёд шудааст.
Бинои нав 108 манзили як ва дуҳуҷрагӣ дошта, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан дар он зиёда аз 100 нафар кормандони сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои адлия, мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили зист таъмин мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави истиқомтиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода. ба як зумра соҳибони хуштолеъи манзилҳо дар вазъияти тантанвӣ шахсан калиди ҳуҷраҳо супорид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нафарони соҳиби манзилҳои навгардида даъват ба амал овард, ки содиқонаю софдилона ба Ватан-Модар хизмат карда, дар ободонию осоиштагии мамлакат, ҳифзи музафариятҳои давлати соҳибистиқлол ва таъмини тартиботу оромии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, фароҳамсозии зиндагии шоистаи хизматчиёни мақомоти қудратӣ ҳамчунин риояи талаботи олии меъморию шаҳрсозӣ дар ошёнаи якуми бинои нав дармонгоҳи замонавӣ бунёд шудааст, ки дар оянда 43 нафар кормандони соҳаи тиб дар он бо кори доимӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти дармонгоҳи навбунёд, ки аз ҳуҷраҳои алоҳидаи ёрии аввалини тиббӣ, бемориҳои занона, духтури дандон, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ, утоқи ташхис ва дорухона иборат мебошад, шинос шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ ҷойгир намудани дармонгоҳи замонавиро иқдоми муҳим дар расидагӣ ба мушкилоти дардмандону эҳтиёҷмандони манзили навбунёд ва кулли сокинони маҳаллаҳои наздики он арзёбӣ кард.
Умуман бинои навсохт дорои ҳуҷраҳои барҳаво ва ошхонаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози зарурӣ буда, дар мавзеи созгори шаҳри Душанбе қомат афрохтааст ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона ва дармонгоҳу маркази саломатӣ дар наздиктарин масофаи он ҷойгир мебошанд.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво