29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат: «475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 хонавода бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд»

332
Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ зикр намуданд, ки «Дар тӯли 25 сол 475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 оила бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин, ҳоло барои хизматчиёни ҳарбӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони 10 хона ва дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинои дуошёнаи дорои 24 ҳуҷра идома дорад».

Президенти мамлакат ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбии гвардия, ки паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомии мамлакат дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштаанд, миннатдорӣ намуданд.

«Хизмати содиқонаи афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ҳамеша қадрдонӣ гардида, то имрӯз 300 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва 13 нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво