25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

241
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ боиси андуҳи мо гардид.

Марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Ҳиндустон таъзияву таслият ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро изҳор менамоям».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво