19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ-и НБО-и Норак

1152
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сохтмони бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-и НБО-и «Норак» соли 2012 дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Масоҳати ҷойгиршавии дастгоҳ, ки дар солҳои аввали баистифодадиҳии ин иншоот 4,5 гектарро ташкил медод, дар айни замон ҳамагӣ дар 0,10 сотих замин ҷойгир карда шудааст. Ба ғайр аз сарфаи масоҳати замин, инчунин ин таҷҳизот дигар афзалиятҳоро доро мебошад, ки ин аз эътимоди баланд ва кафолати тӯлонии 25 — сола иборат аст.
Хабар дода шуд, ки дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ бо маблағгузории фонди Рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати олмонии «Алстом» сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти асосии дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500кВ (ДТПЭ), ноқилҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ ва таҷҳизоти низоми телекоммуникатсионӣ дар давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон истеҳсол гардида, ба ҷумҳурӣ ворид ва дар НБО-и Норак насбу васл гардидаанд.
Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дар соли 2013 бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-220 кВ дар НБО «Норак» бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво