Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар суҳбати телефонии сарони ду давлат масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо доир ба самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, иттилоот ва фарҳанг табодули афкор намуданд.
Таъкид шуд ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон қарор дошта, барои густариши бештари он ҳар ду ҷониб тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Табодули афкори судманд, доир ба иштироки фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавию байналмилалӣ соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаи CASA-1000 доир гардид.
Дар суҳбати телефони ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияту бехатарӣ, таҳкими иқтидору имконоти ҳимояи марзи давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Зимни суҳбати телефонӣ сарони ду давлат барои сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои рушду густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя сулҳу шукуфоӣ, пешрафту тараққиёт ва салому паёми самимӣ изҳор доштанд.
Дар навбати худ Раиси ҷумҳурӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба мардуми сарбаланди тоҷик барору комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.