14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон дар остонаи ҷашни умумимиллӣ ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ

1038
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукоти таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маҷлис ҷараёни иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 “Дар бораи таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 19 декабри соли 2015 “Дар бораи баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин рафти иҷрои чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба гузоштани санги асоси лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни ҳисоботи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён маълум гардид, ки дар семоҳаи аввали соли 2016 қисми даромад 93,5 фоиз иҷро шуда, 3, 4 миллиард сомонӣ ба буҷа ворид шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҳукумат ва муассисаҳои давлатиро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои пурраи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омодагӣ ба таҷлили идҳои бузурги давлатӣ ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар масъулини ҷумҳуриявиро шунида, зимни ҳисоботи онҳо ва суханронии худ доир ба тезондани корҳои омодагӣ ба ҷашнҳои фархунда, бо суръату сифати баланд анҷом додани корҳои ободонӣ ва иҷрои дигар тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ барои мардуми кишвар дар моҳҳои наздик корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1миллиону 200 ҳазор тонна дар як сол, корхонаи гаҷкардон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона, корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Корхонаи истихроҷи тилло дар шаҳри Ваҳдат, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, комбинати металлургӣ бо иқтидори 150 ҳазор тонна дар шаҳри Ҳисор, қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, марҳилаи дуюми маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин тӯҳфаи арзанда ва сазовор дар рӯзҳои истиқбол аз ин ҷашни муҳими давлатӣ маҳсуб мегардад.
Дар маҷмуъ, бо мақсади рушди соҳаи саноат дар соли ҷашнӣ 161 корхонаи саноатӣ бо зиёда аз даҳ ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар арафаи ҷашни миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 155 муассисаи таълимӣ, 46 иншооти варзишӣ, 8 иншооти соҳаи тандурустӣ, 9 иншоот дар соҳаи энергетика ва 8 иншоот дар соҳаи нақлиёт сохта ба истифода дода мешаванд.
Оид ба рафти иҷрои чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба гузоштани санги асоси бунёди лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 ҳисоботи Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода шунида шуд ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои марбута вобаста ба баргузории ин чорабинии сатҳи минтақавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Кумитаи тадорукот ва дигар масъулин супориш дод, ки барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии он дар саросари кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд ва онро бояд бо ташкили раҳпаймоиҳои мардумӣ дар сатҳи баланд гузаронанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво